БО ДУОИ ТУ ДАР ИН ДУНЁ САОДАТ ЁФТАМ! Эҳдо ба Рӯзи Модар

Март 8, 2024 10:15

ДУШАНБЕ, 08.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агар аз пиру барнои тоҷик   хоҳиш кунем, ки аз байни вожаҳои муқаддас як вожаи  муқаддастаринро ба забон оред, ман бовар дорам, ки ин  вожаи модар хоҳад буд. Беҳуда нест, ки қасами сахттарини мардуми мо бо номи модар аст. Барои боэътимодиву боварбахшии сухани худ мегӯянд:  «Ба номи модарам қасам мехӯрам!»,  яъне, номи муқаддаси модар  баландтарин  савганд аст. Дар ин радиф  аз баландтарин қасамҳое, ки банда шунидаам, қасам ба номи Худо ва қасам ба шири модар аст. Ин худ далели эътиқоду эътимод ва  бузургиву шаҳомати модар ва ҷойгоҳи баланди ӯ дар зиндагӣ ва фарҳанги миллии мо, тоҷикон аст. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст  мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло бахшида ба Рӯзи Модар. Мавсуф дар идомаи мақола чунин ибрози назар намудааст: 

— Албатта, Зан – Модар дар байни ҳама миллатҳо, дар саросари дунё эҳтироми  баланд дорад ва ҷойгоҳи ӯ ҳамеша болои чашму болои  сарҳост, аммо хоҳем нахоҳем ин арҷгузорӣ дар ҳама ҷо ба таври хосса ҷараён мегирад  ва банда гумон мекунам, ки дар байни миллати мо ин қадршиносӣ  мақому намои хосаи бешабеҳ ва афзунтаре  дорад. Дар тамоми китобҳои муқаддаси мо, дар осори бузургони мо мақоми аввалро пас аз Худованди карим ба модар додаанд.

Воқеан, таърих ва зиндагӣ нишон дод, ки мақоме баландтар ҳам аз ҷиҳати инсонӣ, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ, ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ ва аз ҳар ҷиҳати дигар касе ҷуз модари тоҷик наметавонад дошта бошад.

Ин андешаро метавон бо чунин далелҳо исбот кард.

Аввалан, ҳастии миллати мо ба шарофати модар аст, ки моро халқ кардаасту рӯи дастон ва дар оғӯши меҳрубонаш парваридааст.

Сипас, аввалин нишонаи ҳастии миллат чист? Бидуни шубҳа забони модарист, ки бе он миллат миллат нест ва кист, ки ин забонро ба мо омӯзонидааст ва ин ҳама асрҳои тӯлонӣ дар хонаводаҳоямон маҳфуз доштааст?

Албатта, модар, модари мову шумо. Яъне, бунёдгузору  сарчашмаву нигаҳдорандаи нахустини забони мо модар аст ва аз ин рӯст, ки мо тоҷикон забонамонро  забони модарӣ мегӯем.

Нишонаи дигари мавҷудияти миллат, бе ягон шак, анъанаву расму русум ва ойинҳои таърихии  ӯянд, ки дар онҳо сиришти инсонӣ ва фарҳангии халқ  маҳфуз мондааст ва кист, ки новобаста ба ҳама ҷабрҳои таърих, хунрезиҳои аҷнабиён ин ойину суннатҳову маросимҳо ва ба шарофати онҳо ҳастии моро  дар хонадони худ маҳфуз доштааст? Албатта, боз ҳам модар.

Кист он сарчашмаи маърифат ва устоди аввалини фарзанд дар талқини одобу гуфтору рафтор ва омӯзиши касбу ҳунарҳое, ки низ симои миллии моро муаррифӣ мекунанд? Боз ҳам модар.

Ва  ин рӯихатро метавон хеле идома дод ва дар  сарахбори ҳама хуҷастагиҳои рӯзгори мо аввал номи модар меояд. Масалан, кист, ки он ҳама бузургону нобиғагони оламшумули миллати моро, ки ба шарофаташон дунё моро мешиносаду эътироф мекунад, ба дунё овардаву парваридааст? Боз ҳам модар.

Оре, зан-модари тоҷик дар сарзамини кӯҳистони мо, ҳатто онҳое ҳам, ки дар мактаби олӣ нахондаву дипломи олӣ надоранд, ба таври олӣ донандаи ҳама ҳама касбу кору ҳунарҳо мебошанд, маърифати зотие доранд, ки ба шарофати он миллати мо асрҳои аср, новобаста ба ҳама ҷабру ҷафоҳои таърих зиндаву поянда мондаву соҳиби фарҳангу тамаддуни оламшумул будааст.  Ӯро лозим омадааст, ки дар кӯҳистони дурдасту дастнорас худ ҳам табибу ҳам мураббиву ҳам соҳиби ҳама фарҳангҳои лозима бошад. Ӯ нахустин пизишкест, ки фарзанди навзодаро бо ҳама баландтарин қоидаҳои покизагӣ истиқбол мегираду бо риояи  ҳама суннатҳои момопизишкӣ ӯро парвариш медиҳад. Ва дар ин радиф покиву покизагӣ нақши аввалро мебозанд. Ӯст, ки нахустин мураббии тифлони хеш аст, ӯст ки нахустин суруди алларо ба гӯши тифлон месарояд, ӯ нахустин муаллим ва омӯзгори фарзандони мост. Ва нахустин вожаҳоро чун шаҳду шакар ба коми тифлон мегузорад. Метавон ин рисолатҳои ӯро, ки ҳам бунёди илмиву таълимӣ доранду модари тоҷик маҳфуздорандаи онҳост, хеле давом дод. Масалан, зани тоҷик беҳтарин чорводор, зани тоҷик беҳтарин кишоварз, зани тоҷик беҳтарин боғпарвар, зани тоҷик беҳтарин нонпаз, беҳтарин кайвонаест, ки  тамоми анвои ғизоҳои лазизро бо баландтарин сифат омода месозад,  ва ғайраву ғайраҳо.

Имрӯз зан-модари тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон маротибаи  дигар асолати бузурги миллӣ ва рисолати таърихии халқи моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.  Бояд шукр аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа пайваста баланд бардошт ва барои онҳо шароитҳои муносиби фаъолиятро фароҳам овард. Ва чуноне, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  декабри соли 2023 Сарвари давлат иброз   доштанд: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд».

Бале, аз таърих медонем, ки занону духтарони тоҷик на танҳо дар корҳои давлатдорӣ ва пеш бурдани сиёсати давлату ҳукумат саҳми бузург доштаанд, балки дар ҳифзи марзу буми он низ, дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон то ба имрӯз мавзеи  “Чилдухтарон” барин ёдгориҳои таърихӣ маҳфузанд, ки рамзи ҷоннисории бонувони тоҷик дар ҳифзи нангу номус ва шаъну шарафи Меҳан мебошанд.

Мо шоҳиди он гардидем, ки чӣ гуна дар замони соҳибистиқлолӣ  Пешвои миллати мо, Ҳукумати Тоҷикистон мақоми занонро дар тамоми соҳаҳову самтҳо, аз вазифаҳои масъули давлативу ҷамъиятӣ сар карда,  то ба ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, илму маърифат ва касбу ҳунарҳои гуногун баланд бардоштанд.

Ба масъалаи тарбияи рӯҳиву маънавӣ ва касбии занони тоҷик ҳанӯз аз замони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, дар хориҷи мамлакат  аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Ҳазорон нафар духтарони тоҷик аз гӯшаҳои гуногуни ҷумҳури  ва ҳатто дурдастарини он бо ғамхориву дастгирии  Пешвои миллатамон фаро гирифта шудаанд.

Далел ин аст, ки аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Далелҳои дигаре, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи декабри соли 2023  оварда шуд ин аст, ки танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли равон  танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.

Мо шоҳиди онем, ки маблағҳои бузург ва барномаҳои хосае рӯи кор оварда мешаванд, ки тавассути онҳо имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.

Бояд гуфт, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шуданд, ки сарбаландона аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои гузошташуда бар дӯшашон баромада истодаанд. Наметавон нақши бонувони тоҷикро дар пойдории сулҳу амнияти мамлакат, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, тарбияи эҳсоси ватандориву ватандӯсӣ ва садоқат ба марзу буми кишвар, ҳисси ватандӯстиву, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ нодида гирифт.

Ва ин хеле бамавриду дуруст аст, зеро таҷрибаи зиёда аз  сисолаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки  маҳз ҳамин сиёсати некбинонаву хайрхоҳонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллати он дар партави дуои неку раҳнамоии модарон, суннатҳои волои миллӣ ва илму фарҳанги одоби ҳазоронсола қавии он имрӯз ин зиндагии осоиштаву дурахшонро  барои халқи мо муҳайё намудааст, ки намунаи ибрат ба ҷаҳониён аст.

Президенти муҳтарами мо хосса таъкид доштанд, ки мову шумо  нафақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.

Агар гӯем, ки бисёре аз муқаррароти қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз бо такя ба таҷриба, заковат ва фаъолияти модарону оилаҳо таъйин гардидаанд, иштибоҳе нахоҳад буд, зеро маҳз нақши модарони арҷманди мо дар омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат  бузург ва арзишманд аст.

Мо аминем, ки дуои пур аз хайру эҳсон, дуои некбинонаву ҳидояткунандаи модари тоҷик, дуое, ки пур аз ҷилои ҳикмату андарзу маърифат аст  ва назираш дар ҷаҳон нест, асрҳои аср миллати моро дар паноҳи неки худ нигаҳ доштаасту нигаҳ хоҳад дошт.

ЧАРОҒИ ДУО

Як  дуои модар эмин дорад аз садҳо хатар,
Бигзаронад аз миёни сад балоят безарар.
Як дуои модар аз сад ганҷи Қорун беҳтар аст,
Ҳар дуои ӯ чу тӯморе бувад, к-орад зафар.

Дар шаби торат дуои ӯ чароғи рӯшан аст,
Дар дили зиндон дуои ӯ бароят равзан аст.
Дорад эмин аз ҳазорон захми теғу тири наҳс,
Дар тани покат дуои неки модар ҷавшан аст.

Муттакои рӯзгори ман дуои модар аст,
Сирри бахти ман, барори ман дуои модар аст.
Ҳамду бисмиллоҳи ман, мушкилкушои роҳи ман,
Зӯри дил, файзи канори ман дуои модар аст.

Бигзаронад зинда аз сад маргу туфони бало,
Берун орад аз дили чоҳу зи коми аждаҳо,
Он қадар нолад, ки то даргоҳи Ҳақ раҳ во кунад,
То бирезад бар сари ту лутфу эҳсони Худо.

Модари ман — Меҳани ман, қалъаи виҷдони ман!
Аз ҳама он дури дуриҳо балогардони ман!
Бо дуои ту дар ин дунё саодат ёфтам,
Ҳам дар он дунё дуоят бод пуштибони ман

ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ ДАР РӮИ ЗАН АСТ

Файзи дунё дар фаросӯи зан аст,
Ҳусни Истиқлол дар рӯи зан аст.

Аз ҳама волотарин тахти ҷаҳон
Дар бари модар, ба паҳлӯи зан аст.

Зиндагӣ имрӯз агар шодоб шуд,
Аз насими поки сарҷӯи зан аст.

Осмони беғубори зиндагӣ
Аз сафои поки менӯи зан аст.

Мо ҳама  мадюни заҳматҳои ӯ,
Зиндагӣ подор бо бӯи зан аст.

Қалъаи амнияти подори мо,
Ман аминам, дар сари кӯйи зан аст.

Зан сари болову пирӯзии мост,
Рӯйи ҳастӣ, рӯйи хушрӯи зан аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 8, 2024 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд
Конститутсия омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
30 соли мавҷудият ва 30 нақши Конститутсия дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ОИНАИ ҚОНУН. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ УМДАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ. Он василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
Сулаймон Султонзода: «Конститутсияи Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳаки асосӣ аст»
30 СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Он бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ НИЗ НАМУНАИ ИБРАТ МЕБОШАНД. Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ