Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва амалишавии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардид, ки вазифаи асосии амалисозии ин стратегия баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар зимн аз кормандону омӯзгорони донишгоҳ даъват шуд, ки барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва бандҳои нақшаи чорабиниҳо баҳри амалишавии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» корро бо мақомот тавсеа бахшанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






