Бозиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо Арабистони Саудӣ доварон аз Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ ҳакамӣ менамоянд

Март 2, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 02.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. ФИФА номи доваронеро, ки дар бозиҳои моҳи марти дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ ҳакамӣ менамоянд, эълон намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистонро, ки рӯзи 21-уми март дар Риёз баргузор мешавад, ҳайати доварон аз Сингапур доварӣ менамояд.

Довари ФИФА Муҳаммад Тақӣ Ал-Ҷаъфарӣ Бин Ҷаҳарӣ довари марказӣ таъйин шуд. Ба ӯ дар ин рӯз ҳамватанонаш – Ронни Ко Мин Киат ва Абдул Ҳаннон Бин Абдул Ҳосим кумак мекунанд. Сонгкран Бунмикиарт аз Тайланд довари эҳтиётӣ хоҳад буд. Саъд Ал-Фадлӣ аз Кувайт нозир ва Арунава Бхаттачария аз Ҳиндустон комиссар таъйин шуданд.

Бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро, ки баъд аз панҷ рӯз – 26-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайати доварон аз Кореяи Ҷанубӣ доварӣ менамояд. Вазифаи довари марказиро довари ФИФА Ким Чен Хёки 40-сола ба уҳда хоҳад дошт. Ёварони ӯ дар хатҳо Парк Кёнён ва Гийол Банг хоҳанд буд. Вазифаҳои довари чаҳорумро Зайд Тҳамер Муҳаммад аз Ироқ иҷро менамояд. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Лки Парк аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 2, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд