Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарии ҳайати нозирони созмонро дар интихоботи Президенти Федератсияи Русия ба уҳда дорад

Март 12, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти роҳбарии дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин ҷараёни интихоботи президентии Федератсияи Русияро назорат менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин хабар медиҳад. Ҳайат аз 17 нафар, аз ҷумла намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иборат аст.

Ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай Низомнома «Дар бораи ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай дар интихоботи президентӣ ва/ё парлумонӣ, инчунин раъйпурсиҳо»-ро дастури кор қарор додааст, ки он ба принсипҳои бетарафии сиёсӣ, шаффофият ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо, риояи қатъии қонунгузории миллии мамлакате, ки дар он назорат амалӣ мешавад, асос ёфтааст.

АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин

Март 12, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!