Дар Бадахшон лоиҳаи зеристгоҳи барқии «Вомар» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифии лоиҳаи зеристгоҳи нави барқии 10/35/110-киловатаи «Вомар» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Дар маросим муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъазода, сардори шуъбаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, директори кулл оид ба шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо Сара Раналди ва дигар шахсон иштирок намуданд.
Намояндаи ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» меҳмононро бо лоиҳаи сохтмон шинос намуд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо мардум иброз намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҳоло дар соҳаи энергетика дар минтақаи вилоят лоиҳаҳои зиёде амалӣ мешаванд, ки ин барнома маҳз бо чунин талошҳои Пешвои миллат рӯйи кор омадааст.
Ҳамзамон Алишер Мирзонабот аз ояндаи дурахшони вилоят дар соҳаи энергетика ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар вилоят маҳдудияти барқ кам ба назар мерасад ва бо бунёди неругоҳҳои Себзору Санобод ин мушкилӣ пурра бартараф мегардад.
Вазири энергетика ва захираҳои об иттилоъ дод, ки роҳбарияти мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба энергетиконии ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷа дода, дар ин самт тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Сипас Раиси вилоят ва меҳмонон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад






