Дар деҳаи Чал-Чали шаҳри Норак бинои иловагии мактаб барои 200 хонанда мавриди баҳрабарӣ қарор гирифт
НОРАК, 31.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои баргузории тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Норак бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 — и деҳаи Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо фарогирии 200 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Зимни маросими ифтитоҳи бинои иловагии мактаб аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи маориф ёдоварӣ гардид. Хонандагони муассисаи таълимӣ даъват шуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат хубу аъло хонда, дар оянда ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.
Бояд гуфт, ки синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии сокинон, ҷалби ҷавонмардони деҳа, кумитаи падару модарони муассиса ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бунёд шуда, ба бартараф намудани мушкилии норасоии ҷойи нишаст мусоидат менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






