Дар деҳаи Чал-Чали шаҳри Норак бинои иловагии мактаб барои 200 хонанда мавриди баҳрабарӣ қарор гирифт

Март 31, 2024 09:19

НОРАК, 31.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои баргузории тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Норак бинои иловагии  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 — и деҳаи Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо фарогирии 200 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Зимни маросими ифтитоҳи бинои иловагии  мактаб аз таваҷҷуҳ ва  ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи маориф ёдоварӣ гардид. Хонандагони муассисаи таълимӣ даъват шуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат хубу аъло хонда, дар оянда ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.

Бояд гуфт, ки синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии сокинон, ҷалби  ҷавонмардони деҳа, кумитаи падару модарони муассиса ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бунёд шуда, ба бартараф намудани  мушкилии норасоии ҷойи нишаст мусоидат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Март 31, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд