Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷуммҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиши илмӣ — маърифатӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии ин кумита.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки саҳм гузоштан дар ободиву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон аз саҳми ҳар ҷавони худогоҳ ва донишҷӯи заковатманд вобаста аст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир аз ҳар ҷавони ватандӯсту хештаншинос, махсусан донишҷӯён даъват ба амал меорем, ки бетарафӣ накарда, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои халалдоркунандаи тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба хурофоту бегопарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллии наврасон ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар ин радиф бо сохторҳои дахлдор, бахусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич намоянд.
Гуфта шуд, ки маҳз дар ҳамбастагӣ бо тамоми институтҳои шаҳрвандӣ метавон волоияти қонун, тарбияи ватандӯстӣ ва назму тартиботро дар ҷомеа таъмин намуд.
Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода ин гуна вохӯриҳоро иқдоми муҳиму саривақтӣ дониста, изҳор намуд, ки он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонони донишгоҳ саҳми арзанда мегузорад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






