Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб тақсимоти пешакии хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ гузаронида шуд
КӮЛОБ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар факултетҳои омӯзгорӣ ва фарҳанг, физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2023-2024 баргузор шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, комиссияи донишгоҳӣ бо ҳар хатмкунанда суҳбати инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ва «Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд» шинос намуд.
Ҳамчунин ба хонандагон ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои гуфташуда фаҳмонида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






