Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб тақсимоти пешакии хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ гузаронида шуд

Март 15, 2024 14:00

КӮЛОБ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар факултетҳои  омӯзгорӣ ва фарҳанг, физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2023-2024 баргузор шуданд.

Тавре ба АМИТ  «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, комиссияи донишгоҳӣ бо ҳар хатмкунанда суҳбати инфиродӣ намуда, онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ва «Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд» шинос намуд.

Ҳамчунин ба хонандагон ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои гуфташуда фаҳмонида шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Март 15, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад