Дар Қирғизистон вазъи бемории сурхча муташанниҷ боқӣ мемонад

Март 12, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи эпидемиологии Қирғизистон вобаста ба паҳншавии бемории сурхча муташанниҷ боқӣ мемонад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар додааст.

Гуфта шуд, ки то 5 март дар Қирғизистон 4855 ҳолати гирифторӣ ба бемории сурхча сабт шудааст.

Вирус дар Бишкек ва вилояти Чуй, инчунин дар вилоятҳои Ҷалолобод ва Ӯш босуръат паҳн мешавад.

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявӣ, дар робита ба хуруҷи бемории сурхча дар кишвар аз 4 март омӯзиши кормандони соҳаи тиб дар доираи омодагӣ ба марҳилаи дуюми маъракаи эмкунии иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва сурхакон гузаронида мешавад.

«Мақсади асосии омӯзиш баланд бардоштани иқтидори кормандони соҳаи тиб барои густариш додани сатҳи огоҳии аҳолӣ мебошад. Омӯзиш ба кормандони соҳаи тиб барои робитаи дуруст бо аҳолӣ, бахусус бо волидони кӯдаконе, ки эм карда мешаванд, кумак менамояд», — омадааст дар иттилоия.

Тавре ки қаблан изҳор гардид, сабаби асосии афзоиши бемориҳо шумораи зиёди радкунии эмгузаронии нақшавӣ бар зидди сурхча ва сурхакон дар байни кӯдакон ва калонсолон ҳисобида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 12, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд