Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид

Март 12, 2024 16:35

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардида,  ғолибон бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» дар асоси ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар соли 2024 ва бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байн рафта ва ривоҷ додани санъати пухтани таомҳои миллӣ бо иштироки занон-кадбонуҳои моҳири шаҳри Ҳисор гузаронида шуд.

Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, кадбонуҳои муассисаи давлатии Литсейи касбӣ-техникии шаҳр ҷойи аввал, Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ҷойи дуюм ва муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри  Ҳисор ҷойи сеюмро сазовор гардида, бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 12, 2024 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад