Дар Лондон аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд

Март 18, 2024 12:12

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи SOAS-и шаҳри Лондон аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Британия зери унвони «Рӯдакӣ- падари шеъри форсӣ, дарӣ/тоҷик» барномаи илмӣ- фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он аз рӯйи нимпайкараи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ ба барнома ҳусни оғоз бахшида, ду профессори донишгоҳи SOAS сухан гуфта, нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ намуданд.

Дар ҷамъомад президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Дагихудо Дагиев, Отамбек Мастибеков, Гулсифат Шаҳидӣ, Фирӯза Абдуллоева-Мелвилл, инчунин корманди донишгоҳи SOAS Наргис Фарзод ва Ҷеймс Вайт аз Оксфорд оид ба шахсияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва осори шоир сухан гуфтанд.


Сипас дар Театри  «Brunei gallery lecture» барномаи фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он теъдоде  аз алоқамандон ва донишҷӯён аз саросари Британия иштирок доштанд.

Дар барнома ҳунармандони Тоҷикистон аз ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ суруд хонданд, ки мавриди истиқболи ҳозирин қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки дар таърихи дипломатия ва фаъолияти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аввалин барномаи таъсиргузор аст, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи  SOAS дар Лондон баргузор шуд.

АКС: Академияи милли илмҳои Тоҷикистон

Март 18, 2024 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад