Дар Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии «AgroWorld Uzbekistan 2024» 15 ширкат ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз Тоҷикистон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Узбекистон-шаҳри Тошканд Намоишгоҳи 19-уми байналмилалии кишоварзӣ – «AgroWorld Uzbekistan 2024» баргузор гардид, ки дар он 15 ширкати кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар доданд.
Дар намоишгоҳ намояндагон аз 21 давлати ҷаҳон иштирок намуд.
Беш аз 15 ширкати кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз вилояти Суғд- ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Витаминҳои Тоҷикистон», «Кишоварз», «Обрасон», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Деҳқон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди хоҷагиҳои деҳқонии «Халифа», «Баракат» ва дигарон барои омӯхтани таҷриба, воридоти техника ва техонологияи кишоварзӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии AgroWorld Uzbekistan 2024 Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни намоишгоҳ конфронси байналмилалии соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид, ки он намояндагони ширкатҳои бонуфузи ин соҳа, мутахассисон ва коршиносони байналмилалиро дар як барномаи тиҷоратӣ муттаҳид намуд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






