Дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон 245 намуди ҳайвонот ва 304 намуди наботот ворид мешаванд

Март 12, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон 245 намуди ҳайвонот ва 304 намуди наботот ворид  мешаванд. Ҷунин гуфта шуд дар ҷаласаи корӣ, ки дар он таҳияи нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи корӣ бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он олимону мутахассисон ва таҳиягарони Китоби сурхи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода ва ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов доир ба моҳият ва мақсаду вазифаҳои Китоби сурх ва зарурати он дар ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти набототу ҳайвонот сухан гуфтанд.

Дар ҷаласа роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир ба намудҳои нави ҳайвоноту набототе, ки  ба Китоби сурхи Тоҷикистон  ворид мешаванд ва намудҳои аз китоб хориҷ кардашуда маъруза намуданд.

Гуфта шуд, ки дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон 245 намуди ҳайвонот ва 304 намуди наботот ворид мешаванд.

Тибқи талаботи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ва Низомномаи Китоби сурх дар ҳар 10 сол бояд Китоби сурх тибқи талабот ва дараҷабандии IUCN аз нав таҷдид ва чоп гардад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 12, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид