Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд кишти картошка оғоз гардид, ки дар ҷараёни он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 майдони кишти картошка нисбат ба соли 2023 васеъ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки соли 2023 дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 7501 гектар картошка кишт шуда, зиёда аз 230 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид.
Зимни суҳбат масъулин ва кишоварзони ноҳия ба Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода иттилоъ доданд, ки соли 2024 деҳқонон майдони киштро васеъ ва ҳосилнокиро зиёд намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зиёд намудани истеҳсоли картошка ва таъмини аҳолии мамлакат саҳм мегузоранд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






