Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав дар назди Муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад, бино бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонии рушд сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти тахассусӣ ва рентгени рақамӣ таъмин шудааст.
Зимни ифтитоҳи бино иброз гардид, ки тавассути сиёсати иҷтимоии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба маротиб беҳтар гардида, барои ташхису табобати аҳолӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони иншооти ҷашнӣ марҳила ба марҳила идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор қариб се километр роҳ мумфарш карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди мамлакат қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён беш аз сад иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор маҷмааи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад






