Дар ноҳияи Сино вобаста ба тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифатӣ мулоқот доир шуд

Март 12, 2024 17:42

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи корӣ вобаста ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифатӣ дар шаҳри Душанбе» ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино, шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино хабар медиҳад.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон»  масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, инчунин муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъафурӯшӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ ва ташвиқи китобхониву китобдӯстиро дар бар гирифтанд.

Мулоқот дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и ноҳияи Сино байни омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо баргузор гардида, зимни он масъалаҳои дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан баррасӣ шуданд.

Чунин тадбирҳо минбаъд дар дигар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Сино гузаронида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Март 12, 2024 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад