Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен қариб дар 6500 гектар чигит кишт менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Роҳбарияти вилоят дар ноҳия ба кишти чигит оғоз бахшида, барои вусъатбахшии корҳои саҳроӣ, дар муҳлати муқарраршуда ба охир расонидани кишти зироат ва риояи ҳатмии сохтори кишти зироат ба масъулин супоришҳо дод.
Таъкид шуд, ки обу замин бояд самаранок истифода шуда, ҳосилнокии зироат баланд бардошта шавад.
Бо назардошти саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби давлат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Пахта ашёи хоми саноатӣ буда, фаъолияти муназзами корхонаҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, ресандагиву бофандагӣ аз он вобаста мебошад.
Дар суҳбат бо собиқадорони соҳаи кишоварзӣ ва масъулони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таъкид шуд, ки деҳқонон, пеш аз ҳама, бояд ба сохтори кишти зироат аҳамияти хосса диҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






