Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт

Март 27, 2024 14:52

ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен қариб дар 6500 гектар чигит кишт менамоянд.​ Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Роҳбарияти вилоят дар ноҳия ба кишти чигит  оғоз бахшида, барои вусъатбахшии корҳои саҳроӣ, дар муҳлати муқарраршуда ба охир расонидани кишти зироат ва риояи ҳатмии сохтори кишти зироат ба масъулин супоришҳо дод.

Таъкид шуд, ки обу замин бояд самаранок истифода шуда, ҳосилнокии зироат баланд бардошта шавад.

Бо назардошти саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби давлат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Пахта ашёи хоми саноатӣ буда, фаъолияти муназзами корхонаҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, ресандагиву бофандагӣ аз он вобаста мебошад.

Дар суҳбат бо собиқадорони соҳаи кишоварзӣ ва масъулони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таъкид шуд, ки деҳқонон, пеш аз ҳама, бояд ба сохтори кишти зироат аҳамияти хосса диҳанд.​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 27, 2024 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад