Дар Ню-Мексико аз соли 2020 инҷониб аввалин фавт аз вабо сабт гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар иёлати Ню-Мексикои Амрико аз соли 2020 инҷониб аввалин ҳолати фавт бинобар бемории вабо сабт гардид, хабар додааст департаменти тандурустии иёлат. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АИР «Новости» хабар додааст.
Раёсат иттилоъ додааст, ки марде аз ҳавзаи Линколн дар натиҷаи мубтало шудан ба вабо пас аз бистарӣ шудан бо ин беморӣ даргузаштааст. Ин аввалин ҳодисаи сироятёбии одамон аз вабо дар Ню-Мексико аз соли 2021 ва аввалин ҳолати фавт аз соли 2020 аст.
Вабо- бемории бактериявии хояндаҳо мебошад. Он одатан ба одамон тавассути нешзании кайкҳои сироятшуда мегузарад. Ин беморӣ ҳангоми тамоси мустақим бо ҳайвоноти ваҳшии сироятшуда ва ҳайвоноти хонагӣ сироят менамояд.
АКС: Unsplash








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






