Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиш доир шуд

Март 12, 2024 15:23

ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода таъкид намуд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 март баргузор гардид, масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллатро дар бар мегирифт.

Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар мамлакат қонунҳои зиёде ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар беҳбуд бахшидани ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва арзишгароии миллат нақши муассир доранд.

Бешак, аз миллитарин, мардумитарин ва муҳимтарини онҳо, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии оммаи васеи мардуми мамлакат мувофиқ ба меъёрҳои конститутсионию байналмилалӣ қабул ва амалӣ мегарданд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба шумор мераванд.

“Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул гардидааст, дар он давра ҳанӯз вазъи сиёсӣ-иҷтимоии мамлакат ба эътидол наомада буд. Пешвои миллат бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва маърифати волои иқтисодӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии мардуми мамлакат, аз байн бурдани ҳама гуна падидаҳои зоҳирпарастиву низоъангез дар ин самт иқдоми саривақтӣ намуданд. 9 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расида буд, ки заминаи муҳиме барои қабулу ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.

Таъкид шуд, ки масъалаи танзими анъанаву маросим ва одатҳои миллӣ бояд зери таваҷҷуҳи мардум қарор гирад. Ҳамзамон гуфта  шуд, ки имрӯз ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баҳри ободии диёр корҳои зарурӣ амалӣ шудаанд. Хуб мешуд, ки мо дар ободии маҳал ва дар маҷмуъ, Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорем.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 12, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд