Дар Осорхонаи миллӣ китобҳои тозанашр рӯнамоӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмии осорхона зимни ҳамоиш рӯнамоии китобҳои тозанашри муассиса баргузор гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов.
Дар кори ҳамоиш донишмандону мутахассисони варзида ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода роҷеъ ба нақши Осорхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар таҳқиқу омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ ва нашри асарҳои илмии соҳавӣ сухан намуда, китобу феҳристномаҳои илмии нашрнамудаи Осорхонаи миллиро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.



Гуфта шуд, ки давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2023 то Наврӯзи 2024 аз ҷониби роҳбарият ва ходимони илмии Осорхонаи миллӣ беш аз 9 китобу маҷалла ва феҳристномаҳои гуногуни илмӣ ба табъ расидаанд, ки дар онҳо масоили муҳимми ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик инъикос ёфтаанд.
Ҳамзамон донишмандону мутахассисони соҳа доир ба арзиши илмии китобу феҳристномаҳои тозанашри муассиса сухан намуда, таҳия ва нашри онҳоро дар замони муосир хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба ҳамаи штирокчиёни ҳамоиш ҳамчун армуғони наврӯзӣ китобҳои тозанашр тақдим шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






