Дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Ашқобод вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Ашқобод вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти соли 2024 дода шуданд, шарҳу тавзеҳ дод.
Дар ин робита ба риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бахусус муҳимияти таълиму тарбияи шоистаи фарзандон, ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҳамчунин зарурати эҳтироми қонунҳо, таъмини волоияти онҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ таъкид шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






