Дар шаҳри Ҷидда мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷидда мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар самтҳои мухталиф баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки ҷонибҳо бо мақсади тақвияти ҳамкории дуҷониба аз ҳама зарфият ва механизмҳои мавҷуда истифода намуда, давоми соли 2024 барои гузаронидани якчанд чорабинӣ ва ҳамоишҳои муштарак иқдом менамоянд.
Инчунин роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи буҳронӣ дар Фаластин табодули назар намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






