Дар шаҳри Истаравшан дуюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дуюмин ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» доир шуд, ки дар он гирандагони стипендияи президентӣ аз ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан иштирок доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили ин ҷашн барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аҳамияти махсус дорад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки гирандагони стипендияи президентиро зарур аст, ки дар баробари таҳсили хубу аъло дар тамоми самтҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон масъулияти зиёд дошта бошанд. Зеро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамеша бо такя ба қувваи ҷавонон фаъолияташро пеш мебарад ва насли ҷавонро мебояд бо Кумита ҳамкории зич намояд.
Сипас, ба гирандагони стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ тақдим гардиданд.
Иброз гардид, ки мояи ифтихор аст, ки яке аз механизмҳои ҳавасмандӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон- ин таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2020 теъдоди он 400 адад ва аз соли 2021 ин ҷониб ба 3000 адад расонида шуд, ки бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






