Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Кӯлоб конференсия доир гардид
КӮЛОБ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб конференсия баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, соҳибкорону намояндагони ташкилоти қарзӣ, инчунин роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ иштирок намуданд.
Дар конференсия таъкид карда шуд, ки дар асоси Қарордоди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 ва қарори ҷаласаи нахустини Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2011 ҳамасола дар ҷаҳон 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал менамояд, ки муносибати байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои хариди моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳо муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян менамояд.
Дар конференсия ҳамчунин, доир ба ҳадаф, ваколатҳо ва сохтори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» , оид ба ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, хизматрасонии молиявӣ, воситаҳо, ҳисобот ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт амалкунанда, инчунин дар бораи қаллобони интернетӣ, ки тариқи расонаҳои иҷтимоӣ худро реклама намуда, сокинонро фиреб медиҳанд, ибрози андеша карда шуд.
Дар идомаи ҳамоиш ба иштирокчиёни конференсия аз тариқи видеопроектор роликҳои кӯтоҳ дар мавзуи муроҷиат ба Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






