Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Нурини дар Боғи марказии шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, ки дар он кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.
Дар таҷлили ҷашни бузурги аҷдодӣ Сафорати Тоҷикистон дар Остона гӯшаи фарҳанги миллиро иборат аз маводи таҷассумгари фарҳангу таърих ва нигораҳои миллӣ ташкил кард, ки он дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонони сершумор қарор гирифт. Дар ҳамоиши идона дастурхони тоҷикӣ бо таому шириниҳои лазизи наврӯзӣ- ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, ҳамчунин намоиши ҳунарҳои дастии қадимаи мардумӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ ташкил гардид.
Дар ҷашн наврӯзӣ шахсони расмии давлати иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ ва меҳмонони хориҷӣ ҳузур доштанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон









Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






