Дар шаҳри Турсунзода майдончаи варзишӣ ва Маркази саломатии деҳоти «Чинор» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва раиси шаҳр Парвиз Акрамзода майдончаи варзишӣ ва Маркази саломатии деҳоти «Чинор» ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Гуфта шуд, ки татбиқи ин ва дигар тадбирҳои созанда дар баробари фароҳам овардани шароити хуб барои рушди варзиш ва солимии сокинон, инчунин симои шаҳрро боз ҳам ободу зебо менамояд.
Таъкид гардид, ки иқдом барои ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам оварда, дар ташаккули ҷисмонию маънавии насли наврасу ҷавон нақши назаррас мегузорад.
Ҳамзамон меҳмонон бо ҷараёни омодагии шабакаҳои обёрӣ, нашъунамои зироати кишоварзӣ, сабзавот ва сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои шаҳр шинос шуданд.
Изҳор гардид, ки кишоварзӣ яке аз соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар бахши аграрии мамлакат ислоҳоти заруриро амалӣ намуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2000 71 маротиба афзоиш ёфта, соли 2022 ба 49,3 млрд сомонӣ расонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода









Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






