Дар Суғд бо роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Оливер Норманд мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуда, дар ин раванд саҳми шарикони рушд дар ҳалли масъалаҳои мавҷудаи ҷомеа муҳим мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, татбиқи лоиҳаҳои Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дошта, бо амалишавии пурраи лоиҳаҳо дастрасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ дар минтақаҳо боз ҳам беҳтар мегардад.
Дар гузашта низ бо дастгирии ин ташкилот дар ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ, Ашт ва шаҳри Исфара якчанд лоиҳаҳо амалӣ шуда, вазъи дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар бархе деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои гуфташуда беҳтар гардид.
Оливер Норманд бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкорӣ таъкид намуд, ки тасмим гирифтаанд дар оянда низ чунин лоиҳаҳоро татбиқ намоянд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ташкилот метавонад дар баланд бардоштани сифати оби ошомиданӣ, ки бештари сокинони деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят аз обҳои зеризаминӣ (чоҳҳои амудӣ) истифода мебаранд, саҳм гузорад.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






