Дар Суғд таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаи тақвияти ҳамкорӣ баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот таъкид гардид, ки таҳкими муносибатҳои ду давлат солҳои охир дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ беш аз пеш густариш меёбад.
Иброз гардид, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, дар вилоят бо сармояи муштарак якчанд корхонаи саноатӣ фаъолият дорад.
Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд омода аст ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, илму маорифро бо минтақаҳои Русия боз ҳам тақвият бахшад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев бо ишора ба таҳкими равобити дӯстона байни ду давлат иброз намуд, ки дар густариши ҳамкорӣ консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин, ки нав ба ин вазифа таъйин шудааст, хизмат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






