Дар Тоҷикистон бори нахуст технологияи биореактории истеҳсоли биогаз истифода мегардад

Март 18, 2024 17:23

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Хуҷанд байни ширкати ватании «Нексигол Мушовир» ва ширкати байналмилалии «Sistema.bio» созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд, ки тибқи он аввалин маротиба дар Тоҷикистон технологияи биореактории истеҳсоли биогаз мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин хусус корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ«Ховар» иттилоъ дод.

Ба созишномаи ҳамкорӣ роҳбари ширкати «Нексигол Мушовир» Маҳинахон Сулаймонова ва менеҷери калони лоиҳаҳои ширкати « Sistema.bio» Випин Кале имзо гузоштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, давоми соли 2024 «Нексигол Мушовир» фаъолият оид ба «Таблиғоти биореакторҳо дар Тоҷикистон»-ро дар доираи лоиҳаи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозаргонӣ» (MDRD) амалӣ менамояд.

«Нексигол Мушовир»  ин фаъолиятро дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ менамояд.

Ба таъкиди Маҳинахон Сулаймонова, ширкати онҳо технологияи биореактории истеҳсоли биогазро, ки аз ҷиҳати истифода содаю аз ҷиҳати арзиш дастрас аст, мавриди санҷиш қарор дода, бо гузаронидани озмоишҳо онро бо шароити маҳаллии Тоҷикистон мувофиқ кунонида, насби ин низомро ба хоҷагиҳои чорводор пешниҳод менамояд. Мақсади асосӣ аз амалӣ намудани ин лоиҳа ноил шудан ба коҳиши партовҳои гази метан ва оксиди нитроген тавассути ҳамкории муштарак дар рушди бозори биореакторҳо дар мамлакат мебошад.

Дар нақша аст, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳа 8 қитъаи намоишӣ бо биореакторҳо бо 30 фоиз саҳмгузорӣ аз ҷониби деҳқонон ва соҳибкорони маҳаллӣ ташкил шавад. 

Технологияи биореактории истеҳсоли биогаз чӣ гуна аст?  

Технологияи биореактори гибридии биогаз барои коркарди поруи чорвою парандаҳо пешбинӣ шуда, реактор поруи бо об омехташударо коркард намуда, биогаз ва бионурӣ истеҳсол менамояд. Биогазро метавон барои пухтани хӯрок ва ё гарм намудани об, инчунин гармхонаҳо истифода намуд. Бионуриро барои ҳосилхез намудани хок ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат истифода бурдан мумкин аст.

Ба иттилои мутахассисон, биореактор ҳангоми истифодаи поруи чорвою парандагони гуногун, ба монанди гов, гӯсфанд, буз, асп, мурғ ва ғайра кор мекунад. Аммо истифодаи поруи гов ва мурғ барои истеҳсоли биогаз нисбатан самаранок аст. Биореактор ҳама гуна намуди партовҳои органикӣ, аз ҷумла боқимондаҳои ҳосили зироати кишоварзӣ ва появу барги растаниҳоро коркард намуда метавонад. Технологияи истеҳсоли муосири биогазро ширкати «Sistema.bio» таҳия намудааст ва он дар кишварҳои олам истифода мешавад. Ҳамакнун «Sistema.bio» бо ташкилоти «Нексигол Мушовир»  барои паҳн намудани фоидаи биогаз дар Осиёи Марказӣ, шуруъ аз Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Зимни имзои созишномаи ҳамкорӣ масъулини ҳарду ширкат  иброз доштанд, ки амалишавии лоиҳа ва фароҳам овардани имконият барои дастрасӣ ба технологияҳои ҳушманди муҳитзистӣ норасоиҳоро дар низоми бозори Тоҷикистон бартараф намуда, имкон медиҳад, ки равиши инноватсионии идоракунии пору барои истеҳсоли биогаз ва бинуриҳо пешкаш шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 18, 2024 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд