Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 апрели соли 2024 бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.
Иштирокчиёни ин рӯзҳо 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






