Дар Тоҷикистон то 11 март хавфи сар задани тарма боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 09.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф меборад. То 11 март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






