Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо гурӯҳи адибон мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён бо гурӯҳи адибони мамлакат доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.
Вазири фарҳанг иброз дошт, ки «ҳадаф аз доир намудани мулоқот, пеш аз ҳама, баррасии масоили ҷойдошта, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни вазорат бо эҷодкорон мебошад. Яке аз омилҳои тақвияти ҳамкорӣ ҳавасмандсозии эҷодкорон тавассути пардохти ҳаққи қалами муносиб ба муаллифон мебошад».
Матлубахон Сатториён гуфт, ки бо ин мақсад дар вазорат нархномаи мавҷудаи ҳаққи қалам бознигарӣ шуда, дар доираи маблағҳои буҷетии барои соли 2024 ҷудошуда андозаи подошҳо зиёд шудааст ва таъкид намуд, ки бо назардошти вазъи воқеии бозор солҳои оянда низ масъалаи пардохти ҳаққи қалам ба муаллифон таҷдиди назар мешавад.
Иброз гардид, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ омода аст ҷиҳати ҳавасмандии бештари адибон шеърҳо ва асарҳои пурмазмунро барои ворид намудан ба барномаҳои фарҳангии соли 2024 пешакӣ харидорӣ намояд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои дигар, аз қабили мусоидат ба рушду нумуи фазои фарҳангии мамлакат, эҷоди асарҳои ҷолиб барои бачаҳо, ҳаҷв дар адабиёт ва матбуоти муосир, тарбияи завқи зебоипарастӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстии онҳо, ташкили гурӯҳи кории доимамалкунанда барои амалӣ намудани робитаи доимии эҷодӣ байни вазорат ва иттиҳодияҳои эҷодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи табъу нашри китоб, ҳамкорӣ бо адибон, оҳангсозону овозхонон дар самти интихоби матнҳои пурмазмуну арзишманд, эҷоди оҳангҳои муносиб ба онҳо ва масоили дигари фарҳангӣ мавриди баррасии Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва гурӯҳи адибон қарор гирифт.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






