Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар сухани табрикӣ таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 ба ин ҷашни муборак шукуҳу шаҳомати тоза бахшида, онро Рӯзи Модар эълон намуданд. Аз он пас 8 март дар Тоҷикистон маънову ҳикмате фаротар аз як ҷашнро гирифта, ба муқаддасоти ҳар фарду хонаводаи ҳаммеҳанони мо табдил ёфт, ки бе баҳс, дар тарбияи ҷомеа нақши муассир мебозад.
Зимнан изҳор гардид, ки саҳми занони тоҷик дар рушду шукуфоии Ватани азизамон бисёр муҳим ва бузург буда, махсусан дар низоми роҳбарикунанда ва бахшҳои сиёсиву иҷтимоии ҳузури фаъоли онҳо эҳсос мешавад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






