Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор шуд

Март 8, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар сухани табрикӣ таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 ба ин ҷашни муборак шукуҳу шаҳомати тоза бахшида, онро Рӯзи Модар эълон намуданд. Аз он пас 8 март дар Тоҷикистон маънову ҳикмате фаротар аз як ҷашнро гирифта,  ба муқаддасоти ҳар фарду хонаводаи ҳаммеҳанони мо табдил ёфт, ки бе баҳс, дар тарбияи ҷомеа нақши муассир мебозад.

Зимнан изҳор гардид, ки саҳми занони тоҷик дар рушду шукуфоии Ватани азизамон бисёр муҳим ва бузург буда, махсусан дар низоми роҳбарикунанда ва бахшҳои сиёсиву иҷтимоии ҳузури фаъоли онҳо эҳсос мешавад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид