ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон баён дошт, ки дар тамоми атрофи хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва талу теппаҳо маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода шавад.
«Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани талу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок менамоянд»,-изҳор дошт Раиси вилоят.
Бояд гуфт, ки тибқи анъанаҳои қадимии мардумии тоҷик дар баробари бунёди хона ва тарбияи фарзандон шинонидани дарахт амали нек ба шумор меравад ва бо фарорасии баҳор маъракаи сабзазоркунию хуррамгардонии гӯшаҳои гуногуни мамлакат ва дигар корҳои созанда гузаронида мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






