Доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҷаласаи навбатии комиссияи муштарак баргузор мегардад

Март 2, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ аз мавзуоте буданд, ки дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Сафири Фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал Решайдан қарор доштанд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот вазъи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун», гардиши савдои дуҷониба, ҳамлу нақли боркашонӣ, фаъолияти ширкатҳои саудӣ дар Тоҷикистон, ташрифи соҳибкорони саудӣ ба Тоҷикистон, муаррифии имконияти сармоягузорӣ ва таъсиси ширкатҳои саудӣ дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Мусоҳибон барои тақвияти ҳамкории минбаъда, хусусан баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи мушатараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони  Саудӣ дар соли 2024 ва форумҳои сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид