Доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҷаласаи навбатии комиссияи муштарак баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ аз мавзуоте буданд, ки дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Сафири Фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал Решайдан қарор доштанд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот вазъи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун», гардиши савдои дуҷониба, ҳамлу нақли боркашонӣ, фаъолияти ширкатҳои саудӣ дар Тоҷикистон, ташрифи соҳибкорони саудӣ ба Тоҷикистон, муаррифии имконияти сармоягузорӣ ва таъсиси ширкатҳои саудӣ дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд.
Мусоҳибон барои тақвияти ҳамкории минбаъда, хусусан баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи мушатараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соли 2024 ва форумҳои сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳолиёр Қурбонов»-и Қубодиён дар 11 гектар меваю зироат парвариш мешавад
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Панҷ дар 2 гектар гармхонаҳои доимӣ бунёд намудааст
Дар Душанбе дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР баррасӣ гардид
Дар Душанбе оид ба сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо» вохӯрӣ доир шуд
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нархи семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон– муқобили коррупсия» қадрдонӣ карда шуданд
Дар Остона ҷаласаи 12-уми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд






