ФЕСТИВАЛИ ГУЛҲО «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Тоҷикистон омодагӣ барои баргузории даври якуми он оғоз гардид

Март 10, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 10.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон омодагӣ ба даври якуми Фестивали гулҳо «Сайри гули лола», ки он дар сатҳи маҳалла, деҳот ва шаҳрак мегузарад, оғоз гардид. Тибқи Низомнома, даври якуми фестивали гулҳо то 18 март ва даври дуюми он дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо то 25 марти соли равон ҷамъбаст мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» охири моҳи апрели соли равон ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.

Тибқи Низомнома, комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ бояд то 1 апрели соли равон ғолибонро дар асоси санад, протокол, навори видеоӣ, албом бо маълумотнома ба комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Баргузории даври сеюми фестивал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 28 апрели соли равон ва маросими мукофотонидани он дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.


Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки оид ба намуди гулҳои дар минтақаҳои кўҳӣ месабзида маълумот пешниҳод намуда, мавзеъҳои лолазори худрўйро дар минтақаҳои Тоҷикистон муайян намояд.

Иттифоқи рассомони Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки дар даврҳои фестивал иштироки рассомони ҷавонро таъмин намояд.

Ҳамчунин Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон масъул гардидааст, ки ба кори гурўҳҳои кории фестивал, ҳакамон ва пешниҳодҳо оид ба баҳодиҳии композитсия ва дизайни иштирокчиёни фестивал мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2023 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он «Шоҳҷоиза» сазовори гулпарварони шаҳри Душанбе гардид.

Фестивали мазкур аз рӯи 10 номинатсия баргузор гардида, дар он ба ҳар номинатсия се ҷой ғолиб дониста мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки фестивали мазкур мувофиқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Рамзи Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» соли 2019 аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, тасдиқ гардид.

Он ҳамзамон амалӣ гардонидани сиёсати пешбарандаи Пешвои миллат оид ба тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳуриро фаро мегирад.

Хотиррасон менамоем, ки Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» шуруъ аз соли 2019 дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Гули лола бо номи «арӯси сол» ва «маликаи табиат» машҳур буда, дорои навъҳои зиёде- аз 100 то 150 гуна аст.

Ҷою макони аслии лолаи худрӯй мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ, Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули нарму латифи худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ ва ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания ва Африка мерӯяд ва дар ин давлатҳо нуфузу арзиши зиёде дорад.

Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрӯ қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои кӯҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз кӯҳҳои Помир то Тияншон ва ғайра воқеъ аст.

Гули лола ба салқинӣ нисбатан тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯяд ва ҳосилхез аст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 10, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рамзи фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» омода гардид
Ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» бозгӯи он аст, ки ин мавзеъ аз қадим макони зисти тоҷикон будааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид