ФУТБОЛ. Чаҳор довар аз Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) ҳакамӣ менамоянд

Март 31, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯйхати доваронеро, ки дар Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола кор менамоянд, нашр намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба рӯйхати доварони Ҷоми Осиё-2024 чаҳор намояндаи Тоҷикистон низ дохил мебошанд. Инҳо доварони ФИФА Гулмуроди Саъдулло, Насрулло Кабиров ва ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, 16 даста иштирок менамоянд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 31, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад