ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия нахустин рақобати санҷишӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббии нав Марко Раҷини дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия нахустин бозии санҷишӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аввалин ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бошгоҳи «Родина-М» (Москва) буд, ки дар лигаи дуюми Русия баромад менамояд. Бозӣ ба фоидаи дастаи «Родина»- 1:0 анҷом ёфт.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) боз се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. 20 март наврасони мо бо дастаи наврасони «Аланяспор» ва 23 ва 25 март бо дастаи мунтахаби наврасони Русия рақобатҳои санҷишӣ баргузор менамоянд.
Бояд гуфт, ки барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ дар Анталия марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 19 то 27 октябри соли 2024 баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар даври интихобӣ дертар маълум мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






