ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 омодагӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар Душанбе омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сармураббии тими олимпии мамлакат Мубин Эргашев 26 бозигарро ба ҷамъомади тамринии Душанбе даъват намудааст. Ба ҳайати даста чанд бозигари нав ҳамроҳ шуданд, аз ҷумла ҳимоятгарон Денис Першин («Арсенал-2», Русия), Даниил Алимов («Динамо» Владивосток, Русия), нимҳимоятгарон Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarria», Испания), ҳамлагарон Меҳрон Мадаминов («Истиқлол») ва Одилҷони Анӯшервонӣ («TУС Диткерхен», Олмон).
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолонаш аз Ветнам ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 20 ва 23 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои то 23-сола дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайиланд (22 апрел) неру месанҷад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






