Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»

Март 21, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 март бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар остонаи бозӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки  сармураббиён ва бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  Гела Шекиладзе интизорияшро аз бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ба муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ чунин баён намуд:

«Рақобат бо тими миллии Арабистони Саудӣ аввалин бозии ман ба ҳайси сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон аст. Мехоҳам ба Петр Сегрт, ки ду соли охир дар тими миллии Тоҷикистон кори бузурге анҷом дод ва мо якҷоя дар Ҷоми Осиё-2023 ба натиҷаи таърихӣ ноил гардидем, ташаккур гӯям. Аммо Ҷоми Осиё аллакай пушти сар шуд, акнун мо бояд диққатамонро ба бозиҳои боқимондаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 равона намоем. Пеш аз вохӯрӣ бо Арабистони Саудӣ даҳ рӯз омодагӣ дидем. Дар Қатар ҷамъомади таълимии пурсамар доштем. Ҳама бачаҳо аллакай ба даста пайвастанд. Арабистони Саудӣ тими пурқувват аст. Мо бозиҳои рақибро ҳам дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ва ҳам дар Ҷоми Осиё-2023 тамошо кардем. Тими миллии Арабистони Саудӣ бозигарони ҳирфаии зиёд дорад ва моро бозии душвор интизор аст. Мо омодаем. Умедворем, ки дар ин бозӣ ба натиҷаи хуб ноил мегардем».

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 21, 2024 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад