ГУРДОФАРИДОНИ ТОҶИК. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 1000 нафар занон дар вазифаҳои гуногун адои хизмат менамоянд
ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 1000 нафар занон дар вазифаҳои гуногун адои хизмат менамоянд. Ҳукумати мамлакат хизматҳои шоён ва назарраси занону духтаронро пайваста қадрдонӣ менамояд. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 32 нафар зан-хизматчии ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Чунин иброз дошт сардори шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Вазири мудофиа- раиси Шурои занони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Фирӯза НАЗАРЗОДА дар арафаи Рӯзи Модар ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳи махсуси Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро амалӣ намуд. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаашро баҳри ободию пешрафти мамлакат сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона иштирок намояд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёди он аз Истиқлолияти давлатӣ сарчашма мегирад, сол то сол рушду нумуъ ёфта, иқтидораш мустаҳкамтар мегардад ва дар таъмини суботу оромӣ ва осудагии мардуми ҷумҳурӣ нақши калон мебозад.
Имрӯзҳо занони ҷумҳуриамон баробари мардон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолияти пурсамар доранд ва бо ташаббусҳои созанда барои пешрафти Артиши миллии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Илова бар ин, дар Вазорати мудофиа ташкилоти ҷамъиятии Шурои занон фаъолият дорад, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон-хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатии маъмурӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба даст овардани баробарии гендерӣ, тарбияи занон дар руҳияи бошарафи ҳарбӣ ва ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Шурои занон дар доираи Низомнома ва нақшаи корӣ мунтазам байни занон ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои ҷалби занон ба машғулияти такмили ихтисос тадбирҳои дахлдор меандешад.
Ҳамзамон ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоии занон таваҷҷуҳи махсус ҷалб шуда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 79 нафар зан бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ таъмин шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки давоми 31 соли фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 зан-хизматчии ҳарбӣ бо рутбаи ҳарбии «полковник» сарфароз шудаанд ва имрӯз дар ҳайати Вазорати мудофиа 16 нафари онҳо хизмат менамоянд.
Занони ҷузъу томи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар қатори мардон дар якчанд паради ҳарбӣ фаъолонаю софдилона иштирок намуда, ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додаанд. Ба иштироки онҳо дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд аз тарафи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода шуда, иштирокчиёни он борҳо бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Бо боварии комил гуфта метавонам, ки занон-хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ дар қатори мардон бо садоқату вафодорӣ ба Ватан собитқадамона хизмат намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои он ҳаёт ва ҷони худро дареғ намедоранд.
АКС аз бойгонӣ








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия






