ГУРДОФАРИДОНИ ТОҶИК. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 1000 нафар занон дар вазифаҳои гуногун адои хизмат менамоянд

Март 8, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 1000 нафар занон дар вазифаҳои гуногун адои хизмат менамоянд. Ҳукумати мамлакат  хизматҳои шоён ва назарраси занону духтаронро пайваста қадрдонӣ менамояд. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 32 нафар зан-хизматчии ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Чунин иброз дошт  сардори шуъбаи ҳуқуқи  дастгоҳи Вазири мудофиа- раиси Шурои занони  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия  Фирӯза НАЗАРЗОДА дар арафаи Рӯзи Модар ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳи махсуси Сардори  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро амалӣ намуд. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаашро баҳри ободию пешрафти мамлакат сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона иштирок намояд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёди он аз Истиқлолияти давлатӣ сарчашма мегирад, сол то сол рушду нумуъ ёфта, иқтидораш мустаҳкамтар мегардад ва дар таъмини суботу оромӣ ва осудагии мардуми ҷумҳурӣ нақши калон мебозад.

Имрӯзҳо занони ҷумҳуриамон баробари мардон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолияти пурсамар доранд ва бо ташаббусҳои созанда барои пешрафти Артиши миллии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Илова бар ин, дар Вазорати мудофиа ташкилоти ҷамъиятии Шурои занон фаъолият дорад, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон-хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатии маъмурӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба даст овардани баробарии гендерӣ, тарбияи занон дар руҳияи бошарафи ҳарбӣ ва ватандӯстӣ мусоидат менамояд.

Шурои занон дар доираи Низомнома ва нақшаи корӣ мунтазам  байни занон ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои ҷалби занон ба машғулияти такмили ихтисос тадбирҳои дахлдор меандешад.

Ҳамзамон ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоии занон таваҷҷуҳи махсус ҷалб шуда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 79 нафар зан бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ таъмин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки давоми 31 соли фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 зан-хизматчии ҳарбӣ бо рутбаи ҳарбии «полковник» сарфароз шудаанд ва имрӯз дар ҳайати Вазорати мудофиа 16 нафари онҳо хизмат менамоянд.

Занони ҷузъу томи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар қатори мардон дар якчанд паради ҳарбӣ фаъолонаю софдилона иштирок намуда, ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додаанд. Ба иштироки онҳо дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд аз тарафи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода шуда, иштирокчиёни он борҳо бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки занон-хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ дар қатори мардон бо садоқату вафодорӣ ба Ватан собитқадамона хизмат намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои он ҳаёт ва ҷони худро дареғ намедоранд.

 АКС аз бойгонӣ

Март 8, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Маҳз Ваҳдати миллӣ — рукни асосӣ ва муҳим давлати тозаистиқлоли тоҷиконро таҳким бахшид