Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор шуд

Март 12, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шакли маҳдуд оғоз гардида, дар ҳайати васеъ идома ёфт.

Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарони давлатҳо ва дар ин замина таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, маориф ва сайёҳӣ равона карда шуд.


Сарвазири Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаву дӯстонаи Роҳбарони давлатҳо таҳкими робитаҳоро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба манфиати ҳарду ҷониб арзёбӣ намуд.

Соли 2023 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон зиёда аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.


Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, имконият барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии барои ҷонибҳо афзалиятнок зиёд аст ва ҷиҳати истифодаи пурраи он изҳори омодагӣ карда шуд.

Таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истеҳсоли энергияи «сабз», равнақи робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ тавассути анҷом додани кишту парвариши зироат дар асоси технологияи нав, бахши хусусӣ, нақлиёт, технологияи рақамӣ, маорифу илм, сайёҳӣ ва дигар самтҳо барои ноил шудан ба густариши робитаҳо муфид арзёбӣ гардид.


Дар доираи ҷаласа ҷонибҳо барои таҳкими ротибаҳои иқтисодӣ дар бисёр самту соҳаҳо тавассути истифодаи имконияти нав ба мувофиқа расиданд.

Бо татбиқи сиёсати созандаву бобарори Сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба таъмини рушди дучанди ҳамкорӣ замина гузошта мешавад.

Дар охир протоколи дахлдори ҷаласа ба имзо расонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 12, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид