Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон пешгӯӣ мешавад

Март 24, 2024 08:23

ДУШАНБЕ, 24.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 +8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борону барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши  бошиддат мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона асосан бебориш бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа гарм, рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

 

Март 24, 2024 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад