Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд

Март 5, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 05.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 28-30 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ              бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Март 5, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад